Вохурӣ дар масоили пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

15 майи соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили донишҳо оид ба ҳуқуқҳо зидди амалҳои коррупсионӣ мулоқоти кормандон бо полковники адлия Насриддинзода Қиёмуддин Шовалӣ, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни суханронии худ Насридинзода Қ. дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба мубориза бо коррупсия”, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҶТ барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (2021-2025)”, фаҳмишҳо дар бораи коррупсия, роҳҳо ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ маълумот ва оқибатҳои ин гуна амалҳоро шарҳ дод. 

Ҳамчунин ба кормандони КҲФ дар бораи мубориза бо истифодаи ғайриҳадафноки воситаҳои буҷавӣ, сӯистифода аз мансабу вазифа, ҳаннотӣ, ришвагирӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ маълумот доданд. 

Дар хотима гуфта шуд, ки мубориза бо коррупсия ин кори муштарак аст ва барои мубориза муваффақона дар кишвар ва ба хотири решакан намудани он ширкати ҳамаи сохторҳои давлатӣ зарур мебошад. 

Дар поёни мулоқот миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: