Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду барқ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо бод шиддат мегирад. Хатари зарар дидан аз барқ (чароғак) вуҷуд дорад. Дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг вуҷуд дорад.
Эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои ҷоришаванда аз қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара зиёд аст.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Боронҳои пуршиддат метавонанд боиси афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо шаванд. Бахусус, дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳавои тираву боронӣ ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ месозад.
Рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш хатар дорад.
Бо эҳтиром аз ҳамаи ронандагоне, ки сафари дур доранд, хоҳиш мекунем дар ҳавои боронӣ, ки маъмулан муҳитро тира мекунад, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.
Сокинон бояд сари вақт ҷӯйбору каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд, то хатари харобӣ аз сел вуҷуд надошта бошад.
Кумта ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси зарар дидани хатҳои интиқоли барқ шавад, ба боди шадид метавонад ба бомҳои хонаҳои истиқоматӣ зарар расонад.
Ҳангоми дар кӯчаҳо гардиш кардан, ҳаргиз зери дарахтон ва пояҳои сустниҳоди рекломҳо қарор нагиред.
Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад тадбирҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.
Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулодда шаҳрвандон метавонанд то белефонҳои 112, (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунанд.