Рӯйдодҳои рӯзи гузашта: Заминларза, ҳалокати одамон дар садамаи мошин ва бар асари заҳролуд шудан аз ғизо, марги наврасон дар об

Рӯйдодҳои рӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза, садамаи маргбори мошин, эҳтимоли заҳролудшавӣ аз ғизо ва  ҳодисаи нохуш дар об ба қайд гирифта шуд.

Чунончӣ, бино ба гузорпиши Маркази зилзиласанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 майи соли равон дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 293 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 58 километр ғарби шаҳри Хоруғ дар қаламрави Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 5 балл, дар Хоруғ 3 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

2 майи соли 2023 соати 08:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар наздикии қалъаи “Карон”, ки дар баландии 1500 метр дар ҳудуди деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст, садамаи маргбор мошин сабт шуд. 

Як сокини 34-солаи шаҳри Душанбе, ронандаи мошини тамғаи  «Toyota 4Runner» аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва мошин ба як ҷарии умқаш 350 метр сарозер шудааст.

Дар натиҷаи ин садамаи мудҳиш ронанда ва 5 нафар ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд.  

2 майи соли 2023 соати 15:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади як сокини 7-солаи деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиёнро, ки 30-уми апрели соли равон ғарқ шуда буд, пайдо ва волидонаш супурданд.

Ин ҷасад се километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шудааст.

2 майи соли  2023 тахминан соати  18:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар деҳаи Холматови ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон тибқи маълумоти пешакӣ 9 нафар узви як хонадон аз ғизо заҳролуд шудаанд.

Дар натиҷаи ин 4 нафар фавтиданд ва 5 нафари дигар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Мақомоти марбута сабаби ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

2 майи соли 2023 ҳангоми дастурӯшӯӣ дар канали миёни деҳаҳои Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон як сокини 14-солаи деҳаи Чучуи ҷамоати деҳоти Даҳана ба канал сарозер шуд ва ғарқ гардид.

Ҷустуҷӯи ҷасади наврас идома дорад.

20 апрели солия 2023 тахминан соати 19:00 дақиқа як сокини 8-солаи шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз хона берун шуд ва барнагашт. Рӯзи 2-майи соли равон дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро дар канали деҳаи Эшонқишлоқи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

барчасп: