Аз 2 то 3 майи соли 2023 дар асоси Нақшаи пуррагардонии шунавандагони Кумита барои соли хониши 2023 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ бо дараҷаи «Командирони гурӯҳҳои нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании таъиноти махсуси шаҳру ноҳияҳо» гузаронида шуд.
Машғулиятҳои таълимӣ бо дараҷаи «Командирони гурӯҳҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании таъиноти махсуси шаҳру ноҳияҳо» дар толори маҷлисгоҳи Марказ аз рӯйи “Барнома оид ба тайёр намудани ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулодда” ташкил ва гузаронида шуд.
Ин машғулиятҳои таълимӣ бо усули маърӯзавӣ, презентатсия, наворҳои видеоӣ, фаҳмондадиҳӣ, инчунин ба тарзи интерактивии таълим, яъне саволу ҷавоб ва овардани мисолҳо баргузор гардида, дар анҷом аз тарафи шунавандагон барои баргузории машғулиятҳои таълимӣ ба унвонии Роҳбарияти Кумита ва омӯзгорони Марказ миннатдорӣ изҳор карда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби шунавандагон пешниҳод шуд, ки дар оянда гузаронидани чунин машғулиятҳои таълимӣ бисёртар ба роҳ монда шуда, ҷалб намудани шумораи зиёди шунавандагон низ мувофиқи мақсад мебошад.