Ҳаводиси олам

Ҳалокати 62 нафар дар заминларзаи Индонезия

Бар асари заминларзаи шадид дар ҷазираи Ҷоваи Индонезия ҳаддиақал 62 нафар ба ҳалокат расиданд ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Ҳазорон нафар аз хонаҳои худ ба маконҳои амн фирор намуданд. Ин заминларза дирӯз рух додааст.

Агентии миллии рафъи паёмадҳои заминларзаи Индонезия (BNPB) омори қаблан эълоншуда дар мавриди ҳалокати...

Тумани заҳрогин дар осмони Деҳлӣ. Чаро ва аз куҷо он омадааст?

Тумани ғуборолуд ва ё маҳдуди заҳрогин пойтахти Ҳинд шаҳри Деҳлиро фаро гирифт. Бино ба гузориши созмони ҳавошингосии ин кишвар олудагии ҳаво 40 баробар бештар аз меъёрест, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ арзёбӣ мекунад. Мақомот мегӯянд зарфи чанд соли охир тумани заҳрогин барои ин шаҳри бузурги Ҳинд ҳамешагӣ шудаву тез-тез аз вуҷуди худ дарак медиҳад.

Фурӯ рафтани як пул дар Ҳинд сабаби ҳалокати 141 нафар шуд (ВИДЕО)

Бар асари фурӯ рафтани пул дар иёлати Гуҷарот воқеъ дар ғарби Ҳинд ҳаддиақал 141 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо мақомот мегӯянд теъдоди фавтидагон метавонад афзоиш ёбад. Ин пул чанд рӯз баъд аз як таъмири тӯлонӣ фурӯ рехт.

Мақомоти интизомии Ҳинд субҳи имрӯз, душанбе шумори ҳалокшудагонро 141 нафар эълон карданд.

106 сол пеш дар ҳамин рӯз Инфиҷори киштии “Малика Мария”

20 октябри соли 1916 киштии «Малика Мария» ҳангоми рейди Севастопол ним мил дуртар аз соҳил аз захираи борут дар он таркид ва 225 маллоҳи он якҷо бо киштӣ ғарқи об шуданд, 85 нафар бо тани захӣ аз об зинда берун омаданд. Ва баъдҳо чанд нафари дигари онҳо низ ҳалок шуданд. 

Бунёди ин киштӣ 11 июни соли 1911 ҳамзамон бо киштиҳои ҳамсони «Император Александр III”...

ФОҶЕАҲОИ ТАЪРИХИ БАШАР. Солгарди зилзилаи Ашкобод. 74 сол пеш аз ин

Ин фоҷеаи даҳшатбор як поси шаб, 6 октябр, соати 02:47 дақиқа, вақте сокинон дар хоби ноз буданд, рух дод.

Шиддати он тибқи миқёси Рихтер 7,3 ё 7,2 балл буд. Шумори кушташудагон дар ин заминларза ҳудуди 19 800 нафар будааст ва захмиён бештар аз 10 ҳазор нафар. Модар ва бародари президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов дар ҳамин заминлраза ҷон бохта буданд.

Страницы