Ҳаводиси олам

Як саҳифаи таърих. Заминларзаи бузурги Конто, соли 1923 дар ин рӯз

Заминларзаи бузурги Конто

Соати 11:58 дақиқаи субҳи аввали сентябри соли 1923 дар минтақаи Конто-воқеъ дар кишвари Ҷопон рух додаастШиддати ин зилзила  7,9 балл будааст ва таконҳои замон аз 4 то  10 дақиқа идома доштааст.

Бар асари ин зилзила осебҳои  густардае ба Токио, Юкуҳомо, Астон, Коногово, вилоятҳои Чибо, Комокуро ва саросари минтақаи Конто ворид шудааст.

Тӯфонҳои августӣ

Тӯфонҳои августӣ

Тӯфон, бӯрон шамоли хеле бошиддатест, ки бо сабабҳои гуногун дар қитъаҳои гуногуни Замин ба вуқӯъ меояд. Суръати шамол дар ин ҳолат аз 15-20 метр дар 1 сония то 21-25 м/с ё 75-88 км/соат мерасад. Тӯфон барфӣ, регӣ ва обӣ мешавад. Одатан бӯрон ба хоҷагии деҳот, роҳҳои алоқа ва дигар соҳаҳои иқтисод зарар меорад.

ШАРҲИ ЛУҒАВӢ

Рониши маргбори замин дар устони Карбалои Ироқ чаҳор нафарро ба ҳалокат расондааст

Бар асари ярч дар як зиёратгоҳи шиъаён дар устони Карбалои Ироқ 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Расонаҳои ироқӣ ахиран хабар додаанд, ки ба имдодгарон муяссар шудааст, ки шаш нафарро аз зери вайронаҳо ва хоку лой наҷот диҳанд. Аммо манбаҳои дигар аз наҷоти ҷони 8 нафар хабар додаанд. Мақомот гуфтаанд, ки ҳанӯз теъдоде аз зоирини ин зиёратгоҳ, ки бо номи Чашмаи Имом Алӣ ёд мешавад, зери вайронаҳо мондаанд ва талошҳо барои наҷоти онҳо идома доранд.

Ҷо Байден –президенти ИМА ба коронавирус гирифтор шудааст

Ахиран Кохи Сафед аз гирифтори КОВИД-19 шудани Ҷо Байден хабар дод. Аммо дар хабарҳо гуфта мешуд, ки ҳолаш хуб аст, ба саломатиаш чизе таҳдид намекунад. Манбаъҳои тиббии наздик ба Кохи Сафед ҳамзамон иттилоъ доданд, ки гирифтории сарвари Амрико бидуни нишона мегузарад.

Кевин Оконнор, духтур дар Кохи Сафед гуфтааст, ки...

Идомаи боронҳои селовар дар 9 вилояти Эрон

Созмони ҳавошиносии Эрон аз идомаи боронҳои пуршиддати селовар дар 9 вилояти ин кишвар хабар дод. Бино ба гузориши хабаргузории Тасним боронҳои мавсимӣ дар Эрон даҳҳо нафарро ба ҳалокат расонд. Хабаргузориҳои Эрон то кунун аз ҷон бохтани 61 нафар бар асари резиши боронҳои шадид ва селобҳои вайронгар дар ин кишвар хабар доданд.

Страницы