2 сентябр Афғонистон чархболи MI-8 MTV, ки мутааллиқ ба ширкати молдовии Valan International Cargo Charter буд, баъди чанд дақиқаи ба ҳаво хестан аз шаҳри Мазори Шариф сарнагун шуд.
Ғайр аз се узви экипаж дар он 11 мусофир аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон сафар доштанд. Дар ин ҳодиса ду узви хадама ва 10 мусофири афғон ҳалок шуданд, ду нафар зинда монданд.
7 – уми сентябри соли 2011 ҳавопаймои Як-40 бо як парвози чартерӣ аз Ярослав ба Минск парвоз кард. Вай натавонист баландии лозим барои парвозро дарёбад ва ҳамзамон ба боло шуданд дубора ба замин зад ва таркид. Дар он тими хокейбозони “Локомотив”-и Ярослав парвоз мекард ва 45 нафар бозигарон, мураббӣ ва дигар аъзои хадамаи он ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд. Дар ин суқути ҳавопаймо танҳо як нафар аз узви хадамаи он зинда монд.
1 сентябри соли 2021 дар ноҳияи Энгелси вилояти Саратови Русия як ҳавпаймои обнишин дучори садама шуд. Ин ҳодиса бегоҳӣ, тахминан соати наздик ба 17:00 дар сайёҳинишини “Кливое местечко” рух дод. Ҳавопаймое, ки ду ҷойи нишаст дошт, ба дарёи Волга сарозер шуд ва дар он танҳо халабон менишаст, вале ҳеч ҷароҳате ҳам набардошт ва мустақилона аз миёни об худро ба соҳил расонд.
Ба зудӣ ин ҳавогардро низ аз об берун оварданд