Activities calendar

02 сентября 2022

Аз саҳифаҳои таърих. Садамаҳои сентябрии чархболу ҳавопаймоҳо

2 сентябр Афғонистон чархболи MI-8 MTV, ки мутааллиқ ба ширкати молдовии Valan International Cargo Charter буд, баъди чанд дақиқаи ба ҳаво хестан аз шаҳри Мазори Шариф сарнагун шуд.

Ғайр аз се узви экипаж дар он 11 мусофир аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон сафар доштанд. Дар ин ҳодиса ду узви хадама ва 10 мусофири афғон ҳалок шуданд, ду нафар зинда монданд. 

Дуюмин садамаи маргбори мошин дар қаламрави вилояти Суғд зарфи ду рӯзи охир. КҲФ ҳушдор медиҳад!

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар рафъи паёмадҳои як садамаи маргбор иштирок карданд. 

Аз ин ҳодиса соати 00:20 рӯзи 1-уми сентябр ба қисми навбатдории Раёсат хабар доданд. Дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд садамаи мошин рух дода буд.