Ҷузъиёти садамаи маргбори мошини сӯхтбар. Шумори ҳалокшудагон ду нафар. Автобус мутааллиқ ба ширкати "Asian Express" набуд. Хабари расмӣ
Чоп шуд: 06/09/2022 | redaktorБино ба гузориши расида субҳи рӯзи 6-уми сентябри соли равон дар километри 43.400-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Ба ҷойи ҳодиса сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, Дастаи таъиноти махсусгардондашудаи кофтуков ва наҷоти КҲФ, Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи...