Мутахассисони Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва маҳаллӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи илмӣ дар семинар оид ба баррасии натиҷаҳои стресс-тест дар системаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ иштирок намуданд. Семинар бо сарпарастии Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва аз ҷониби Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) дар доираи лоиҳаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Моҳи июли соли 2022 семинари санҷиши стресси системаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон баргузор гардида буд. Таҳлили стресс тести UNDRR аз ҷониби иштирокчиёни раванд дар семинари навбатӣ тасдиқ карда шуд. Семинарҳои санҷиши стресс пас аз арзёбии ҳамаҷонибаи иқтидор ва банақшагирии системаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо моҳи майи соли 2022 гузаронида шуда буд. Арзёбӣ ҷонибҳоро барои баланд бардоштани иқтидори системаи мавҷудаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ муайян намуда, нақшаи мақсадноки таҳкими онро пешниҳод намуд, ки он низ дар семинари охирин муаррифӣ шуд.
Ин таҳлили стресс-тест бори аввал аст, ки аз ҷониби Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад. Натиҷаҳои он ба таҳкими минбаъдаи системаи идоракунии хавфҳо ва дарки беҳтари маҷмуъи хатарҳои офатҳои табиӣ дар кишвар мусоидат мекунанд.
Тоҷиддин Маҳмадов - намояндаи Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки «Ташаккули иқтидори институтсионалии миллӣ оид ба пешгирӣ ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ бо дарназардошти ҳолатҳои стрессии эҳтимолӣ, аз қабили офатҳои мураккаб ва пай дар пай, яке аз самтҳои асосии амали Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хатари офатҳои табиӣ лар давраи то соли 2030 дар самти рушди системаи идораи хатари офатҳо мебошад».
Ҷаноби Уилям Линдберг, Менедҷери барномавии Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: «ИА ҷиддан ният дорад минбаъд низ бахши коҳиши хатари офатҳо дар кишварро дастгирӣ кунад. Ин дар буҷаи мо барои солҳои 2021-2027 инъикос шудааст. Коҳиши хатари офатҳо як самти басо муҳими фаъолият дониста мешавд».
Ҳамоҳангсози минтақавии барномаи коҳиши хатари офатҳои СММ Абдураҳим Муҳидов қайд карод: «Тавоноии кишвар барои пешбинӣ, арзёбӣ ва коҳиши хатар ва ба ҳаддиақал расондани зиёнҳои эҳтимолӣ аз дидгоҳ ва ӯҳдадориҳои миллӣ вобаста аст. Чунин қобилиятро тавассути саъю кӯшиши дастаҷамъона бо ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатманнгдор ба вуҷуд овардан мумкин аст”.
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
Лоиҳаи «Ташаккули устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи чаҳорчӯби Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNORD) амалӣ карда мешавад, кишварҳои минтақаро дар татбиқи афзалиятҳои чаҳорчӯбаи Сендай дастгирӣ мекунад. Лоиҳа таҳкими ҳамоҳангсозии минтақавӣ, таҳияи стратегияи минтақавии DRR, системаҳои миллии баҳисобгирии талафоти офатҳои табиӣ ва паст кардани хатари офатҳоро дар сатҳи ҷомеа дастгирӣ мекунад. Дар сатҳи маҳаллӣ лоиҳа таҳияи стратегияҳои тобоварӣ ба офатҳои табиӣ дар шаҳрҳои пойтахтро дастгирӣ менамояд. Иттиҳодияи Аврупо барои иҷрои ин тарҳ барои 3 сол 3 миллиону 750 ҳазор евро ҷудо кардааст.