Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоид ва пурғубор ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 27/09/2022 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 27 то 29-уми сентябри соли равон дар як қатор ноҳияҳои ҷануби кишвар ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ шамоли пуршиддат пешбинӣ мешавад. Бод бо суръати 17-22 м/с мевазад ва эҳтимол чангхок дар ин қаламрав зиёд аст.