25 сентябри соли 2022 се гардишгар дар кӯҳи деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб ба фалокат дучор омадаву яке ҳангоми афтодан маъюб шудааст. Ин се тан дар ин макон ба ҳоли ногувор афтодаву дигар наметавонистанд бе кумаки дигарон худро наҷот диҳанд.
Дар бораи ин ҳодиса ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зане хабар дод,ки тариқи телефон хабардор шудааст.
Барои кумак ва наҷоти кӯҳнавардан дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати махсусгардондашудаи наҷоти кӯҳӣ сафарбар шуданд. Онҳо аввал ҷойи гардишгаронро мушаххас карданд ва иртиботи телефонӣ барқарор намуданд.
Соати 18:30 дақиқи вақти маҳаллӣ наҷотдиҳандагон аввалин сайёҳро аз баландӣ поин карданд ва ба шаҳри Душанбе фиристоданд.
Чун торик шуда буду роҳандозии корҳои наҷот ҳам хатар дошт, ба қароре омаданд, ки то субҳ корро мутаваққиф кунанд. Вале наҷотдиҳандагон шабона бо сайёҳон дар кӯҳ монданд.
Чун субҳ дамид, корҳои наҷот аз сар гирифта шуданд ва соати 05:30 дақиқа талошҳои солим поин овардани кӯҳгардон оғоз шуданд.
Имдодгарон бо истифода аз техникаи махсус ин ду нафарро ҳам поин оварданд ва шахси осебдидаро ба бемористони ноҳияи Варзоб бистарӣ карданд.