Ҷузъиёти садамаи маргбори мошини сӯхтбар. Шумори ҳалокшудагон ду нафар. Автобус мутааллиқ ба ширкати "Asian Express" набуд. Хабари расмӣ

Бино ба гузориши расида субҳи рӯзи 6-уми сентябри соли равон дар километри 43.400-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Ба ҷойи ҳодиса сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, Дастаи таъиноти махсусгардондашудаи кофтуков ва наҷоти КҲФ, Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти  давлатии Оташнишонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳозир шуданд.

Маълум гардид, ки як мошини сӯхтбари мутааллиқ ба як сокини 37-солаи деҳаи Панҷи ноҳияи Панҷ, ки бо хатсайри Хуҷанд – Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба дарёи Варзоб сарозер шудааст.

Ин мошин гази моеъ интиқол медод ва баробари аз соҳил ба дарё бархурдан, таркиш ба амал омад.

Дар натиҷаи таркиш ронандаи мошин зинда мондаву ба бемористони рақами 3 шаҳри Душанбе интиқол дода шудааст. Ҳамсафари ӯ дар ҷойи ҳодиса бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидааст.

Бино ба гузориши Сардори бахши КҲФ дар ноҳияи Варзоб Фирӯз Суюнов як зани 56-сола,  сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҷароҳати вазнин дар бемористон ҷони худро аз даст дод. 

Хабаргузориҳо истинодан ба манбаъҳои гуногун аз ҳалокати 3 нафар хабар дода буданд, ки дар асл ҳамин ду нафар ҷон бохтаанд.

Ғайр аз ин дар гузоришҳои мухталиф ва аз ҷумла дар хабари аввали сомонаи мо низ автобусе, ки ҳангоми таркиш дар ҷойи ҳодиса буду дар аксҳо канори роҳ меистод, мутааллиқ ба ширкати "Asian Express" гуфта мешуд. Тавре роҳбарони ин ширкат бо мо дар тамос шуданд, ин автобус ба ширкати онҳо дахле надошт.

Ҳамчунин баъзе хабарҳои нашршуда дар мавриди осеб дидани мусофирони ин автобус, ки гардишгарони хориҷӣ буданд, асос надорад. Ягон нафар аз гардишгарони хориҷӣ осеб надидаанд.

Дар ин ҳодиса ҳамчунин як мошини сабукрави тамғаи ВАЗ- 21 015 ба пуррагӣ сӯхтааст.

Хабари баъзе расонаҳо ва овозаҳо дар бораи он ки гӯё касе зери чархи кадом мошине монда бошад, асос надорад.

Сабабҳо ин садамаи маргбор маълум нестанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ ва иллатҳои онро муайян мекунанд. 

барчасп: