Имрӯзҳо мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистонро бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Бар асари офатҳои табиӣ 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион нафар шаҳрвандони кишвар зарар дидаанд.
Ҳамчунин, беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.
Вобаста ба ҳолати мураккаби зикршуда бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардид, ки дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.
Кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат мебошад, ки вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи фармоиши зикршуда сохтору мақомоти дахлдори кишвар барои то қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.
Корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстона фардо ба роҳ мебарояд.
Таъкид бояд кард, ки иқдоми зикршуда нишондиҳандаи сиёсати башардӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошад.
Манбаъ: Сомонаи Президенти ҶТ