Тӯфон, бӯрон шамоли хеле бошиддатест, ки бо сабабҳои гуногун дар қитъаҳои гуногуни Замин ба вуқӯъ меояд. Суръати шамол дар ин ҳолат аз 15-20 метр дар 1 сония то 21-25 м/с ё 75-88 км/соат мерасад. Тӯфон барфӣ, регӣ ва обӣ мешавад. Одатан бӯрон ба хоҷагии деҳот, роҳҳои алоқа ва дигар соҳаҳои иқтисод зарар меорад.
ШАРҲИ ЛУҒАВӢ
Деҳхудо: Тӯфон – инқилоби сахти ҳаво, борони сахт, борон, ки ҳама ҷо расад, оби бисёр, ки ҳамаро бипӯшад, об, ки ҳама чиро фаро гирад, об, ки аз замин барояд ва ҳамаро ғарқ кунад. Селе, ки ғарқ кунад (Мунтахаб-ул-луғот). Сел ё об, ки аз замин барояд ва ҳамаро ғарқ кунад.
Ҳар чизи бисёр, ки иҳота кунад тамоми ҷамоатро. Ҳар чизе, ки бисёр ва ғолиб бошад ва ҳамаро фаро гирад, чун тӯфони боду тӯфони оташ ва ғайри он (Онандроҷ).
Шиддати боди тунд (Ғиёс-ул-луғот).
Тӯфони дарё, ошӯби он. Борони фаровон ва шадид, боди сахт, ҳар чизи шадид ва бисёр. (Фарҳанги Мӯъин).
Ҷараёни шадиди ҳаво, боди сахту тунд. Ҳар навъ иттифоқи нохушоянд. Ҳамҳама. Оби фаровон ё сели шадид, ки ногаҳон масоҳати зиёде аз заминро фаро гирад ва ғарқ кунад (Амид).
Тӯфон: Ин калима ба маънои селе аст, ки заминро дар худ ғарқ кунад (Фарҳанги вожагони Қуръон).
Тӯфон – бӯрон, туғён, обхез, талотум, гирдбод (Фарҳанги забони тоҷикӣ)
2. Марги шитобу сареъ, мурдан. Марги сахт.
Ҳаҷҷи мо одинаву мо ғарқи тӯфони карам,
Худ ба аҳди Нӯҳ ҳам одина тӯфон дидаанд.
Ҳоқонӣ.
Рӯзу шаб бар хушк киштӣ рондаам,
Гачи доим ғарқи тӯфон мезиям.
Аттор.
Ҳар кӣ бо Нӯҳ нишинад, чӣ ғам аз тӯфон аст.
Саъдӣ.
Ғарқа дар баҳр чӣ андеша кунад тӯфонро.
Саъдӣ.
Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ чун баробарие ба истилоҳи “ШТОРМ” баргузида ва онро чунин шарҳ додааст: ҳолати ошуфтагие, ки дар сатҳи замин таъсир гузорад ва нишондиҳандаи ҳавои номусоид ва эҳтимолан мухарриб (вайронкунанда, харобкунанда) бошад.
Дар хонаи мӯр шабнаме тӯфон аст.Зарбулмасал.
Тӯфони Катрин
Тӯфони Катрин (анг. Hurricane Katrin) – яке аз бузургтарин фоҷеаҳо ва фалокатҳои табиӣ дар ИМА будааст. Ин тӯфон, ки дар соли 2005 рух дод, бахше аз каронаҳои амрикоии халиҷи Мексик аз Орлеани нав дар иёлати Луизана то иёлоти Алабамаро фаро гирифт ва ба вайронӣ кашид.
29 августи соли 2005 ин тӯфон аз баҳр ба хушкӣ расид ва боиси марги 1836 тан ва оворагии як миллион нафар шуд. Чунин фоҷеаи инсонӣ аз замони ҷанги дохилии Амрико дида нашудааст. Суръати ин тӯфон 280 км гузориш шудааст. (Донишномаи озоди форсӣ).Тӯфон 125 миллиард доллар хисорат овард.
ТӮФОНИ ГУСТАВ. Ҳафтумин тӯфони тропикӣ дар уқёнуси Атлас дар соли 2008 буд. Он 25 август аз 420 километраи ҷанубу шарқи пойтахти Ҳоитӣ Порт-о-Пренсшакл оғоз шуд, то бегоҳ нерумандтар шуд ва субҳи рӯзи 26 август ба як тӯфони азими харобкор табдил гашт. 59 нафар қурбон шуданд ва ин тӯфон чун тӯфони дараҷаи чори хатар арзёбӣ гашт.
ТӮФОНИ ЛАУРА – қудратмандтарин тӯфони дар қораи Атлантика дар мавсми соли 2020 буд. Онро бо тӯфони «Last Islands», ки соли 1856 рух дода буд, монанд мекунанд. Танҳо дар Куба баъди эълони огоҳӣ 260 000 нафар ба ҷойи амн интиқол дода шуданд. Боронҳои шадид Флоридаи Ҷанубиро фаро гирифтанд. 25 август Лора ба халиҷи Мексика ворид шуд ва ба як тӯфони хатари рақами 1 табдил шуд. Рӯзи дигар бар асари ҳавои мусоид ва дамои гарми баҳр тӯфон қувват гирифт ва ба сатҳи дараҷаи хатари рақами 4 расид. Соати 6:00 субҳ ин тӯфон ба иёлоти Луизиана расид. Дар ин тӯфон 77 нафар ҳалок шуданд: 31 нафар дар Ҳоитӣ, 4 нафар дар Ҷумҳурии Доминикан ва 42 нафар дар ИМА.
Таҳияи Б.Шафеъ.