КҲФ: Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ

    13 октябри соли 2025 дар Маркази омӯзишӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳайати рлҳбарии Кумита, намояндагони ташкилотҳои шарикони рушд, инчунин донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар ширкат варзиданд.

Дар оғози ҳамоиш генерал -майор Латифзода Ҳотамшо Латиф, муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо суханони табрикотӣ баромад намуда, аҳаммияти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва тайёрии аҳолӣ ба офатҳои табииро муҳим арзёбӣ карданд.      Таъкид шуд, ки рушди фарҳанги бехатарӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ба ҳисоб меравад.

Баъди қисми расмӣ, миёни донишҷӯёну хонандагон викторинаи мавзӯӣ баргузор гардид. Иштирокчиён бо завқ ба саволҳо дар бораи қоидаҳои рафтори дуруст ҳангоми офатҳои табиӣ ҷавоб дода, донишу малакаи худро нишон доданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони викторина бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Чорабинӣ дар фазои дӯстона, омӯзанда ва бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар бораи масъалаҳои амнияти шаҳрвандӣ ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид.

барчасп: