Activities calendar

29 октября 2025

КҲФ:Дар садамаи нақлиётӣ наҷотдиҳандагон ду нафарро аз об зинда бароварданд

28 – уми октябри  соли 2025, тахминан соати 15:30 дақиқа дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Автомашинаи сабукрави тамғаи “Пикап фотон” рақами қайди давлатиаш 1656UU01 tj, ки ба шаҳрванд Нуруллои Маҳмасаид, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳофиз қишлоқ тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ дучори садама шуд.

Бино ба гузоришҳо сабаби ин сонеҳа аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст. Дар натиҷа ин мошин ба ҷарии умқаш то 250-300 метр