Activities calendar

16 октября 2025

КҲФ: Форуми минтақавии роҳбарони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт

    Имрӯз, 16 октябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми минтақавӣ – Машварати роҳбарони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид.

      Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Маркази ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ (CESDRR), Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), Созмони ҳамкории байналмилалии олмонӣ (GIZ) ва Идораи СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR) баргузор мегардад.