Наҷотдиҳандагон дари хонаеро боз карданд, ки дар дохили он як ноболиғ танҳо буд
Чоп шуд: 28/10/2025 | redaktor
27-октябри соли 2025, соати 23:51 дақиқа як сокини кӯчаи Сӯҳроб Шарифови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки дари хонаи истиқоматиаш аз дохил баста шудааст ва наметавонад ворид шавад. Вай ҳамчунин гуфт, дар дохили хона хоҳари ноболиғаш танҳост.

