Ҷо Байден –президенти ИМА ба коронавирус гирифтор шудааст

Ахиран Кохи Сафед аз гирифтори КОВИД-19 шудани Ҷо Байден хабар дод. Аммо дар хабарҳо гуфта мешуд, ки ҳолаш хуб аст, ба саломатиаш чизе таҳдид намекунад. Манбаъҳои тиббии наздик ба Кохи Сафед ҳамзамон иттилоъ доданд, ки гирифтории сарвари Амрико бидуни нишона мегузарад.

Кевин Оконнор, духтур дар Кохи Сафед гуфтааст, ки санҷиши тиббии Байден нӯҳ рӯз пеш мусбат баромада буд, вале баъди ин ду дафъа паи ҳам манфӣ буд.

Қарор аст президенти ИМА муддате муқаррароти фосилагириро идома диҳад.

Дар ҳамин ҳол худи Ҷо Байден дар Твиттераш навишт, ки ҳолате, ки ба ӯ рух додааст, кам иттифоқ меуфтад. Дар ҳоле ки вай ҳеч аломати бемориро дар бадани худ эҳсос накардааст. Вай навиштааст, ки бо вуҷуди ин ба хотири олудаи вирус нашудани атрофиёнаш ба қароре омад, ки фосилавӣ ба кораш идома диҳад.

Ҷо Байдени 79-сола дар гузашт ҳам аз сироят ба COVID-19 хабар дода буд, вале ҳамеша мегуфт, ки аломатҳои вирус дар ӯ вазнин набуданд, аз  ин рӯ зиёд хастагии бемориро ҳам эҳсос намекард. 

барчасп: