Ҳаводиси олам

Тағйири омори ҳалокшудагони танба дар як варзишгоҳи Идонезия. Мақомот мегӯянд на 170, балки 125 нафар ҷон бохтанд

 ҳалокшудагони танба

Ҳукуматдорони Индонезия шумори ҳалокшудагон дар танбаи варзишгоҳро 125 нафар эълон карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзе қабл аз ҳалокати бештар аз 170 нафар хабар дода мешуд ва шумори маҷрӯҳон 320 нафаранд.

Ин фоҷеа дар варзишгоҳи шаҳри Маланг баъди анҷоми бозии футбол миёни клуби маҳаллии “Арема” ва тими “Персебай” аз Сурабай,маркази маъмурии вилояти Ҷоваи Шарқӣ рух дод.

Бозӣ ба ҳисоби 3:2 бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Баъди анҷоми бозӣ ҳазорон нафар мухлисони “Арема” аз нишастгоҳи худ поин шуданд ва дар саҳни варзишгоҳ як танбаи мудҳиш оғоз шуд.

Тӯфони "Иэн" дар ИМА беш аз 70 кушта ба ҷо гузошт

Шумори куштагони тӯфони “Иэн” дар ИМА ба 73 нафар расидааст. Ахиран Евронюс истинодан ба оморҳои расмии мақомоти давлатӣ хабар дода, ки ин рақам ниҳоӣ нест, эҳтимоли афзоиши он аз ҳисоби осебдидагони дигар вуҷуд дорад. Дар айни замон наздик ба миллион нафар ба иёлати Флорида бе қувваи барқ мондаанд.

Роҳи тӯфони “Иэн” ба ҳамин ба анҷом нарасидааст ва он ба самти Каролинаи Шимолӣ ҳаракат кардаву ба харобкориҳои худ идома медиҳад.

Ҳалокати 8 гардишгар аз як гурӯҳи 12-нафара ҳангоми боло шудан ба кӯҳи оташфишони Клюечевская сопка

Дар ҳангоми боло шудан ба кӯҳи оташфишони Ключевская сопка шаш нафар ҷони худро аз даст додаад.  Пештар аз ин  мақомоти маҳаллӣ аз ҳалокати 5 нафар гузориш дода буданд. Ҳоло ба ҷойи ҳодиса як чархбол бо имдодгарон фиристода шудааст, аммо ин наҷотдиҳандагон ҳам ниёз ба гузаронидани  марҳилаҳои созгорӣ доранд, то тавонанд ба макони фоҷеа худро расонанд.

Сӯхтори бузурги Лондан, соли 1666

Оташсӯзии бузурги Лондан, ки дар таърих ҳам бо ҳамин ном мондааст, минтақаҳои марказии ин шаҳри дар он замон бузургро фаро гирифт.

Он аз якшанбеи 2 сентябр то чаҳоршанбеи 5 сентябри соли 1666-ро дар бар гирифт. Ин сӯтор таҳдиди шадиде ба ноҳияи ашрофии  Вестминстерро* ҳам таҳдид кард. Дар ин сӯхтор 13 200 хона, 87 калисои минтақаӣ (ҳатто калисои ҷомеи...

Аз саҳифаҳои таърих. Садамаҳои сентябрии чархболу ҳавопаймоҳо

2 сентябр Афғонистон чархболи MI-8 MTV, ки мутааллиқ ба ширкати молдовии Valan International Cargo Charter буд, баъди чанд дақиқаи ба ҳаво хестан аз шаҳри Мазори Шариф сарнагун шуд.

Ғайр аз се узви экипаж дар он 11 мусофир аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон сафар доштанд. Дар ин ҳодиса ду узви хадама ва 10 мусофири афғон ҳалок шуданд, ду нафар зинда монданд. 

Страницы