Ҳукуматдорони Индонезия шумори ҳалокшудагон дар танбаи варзишгоҳро 125 нафар эълон карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзе қабл аз ҳалокати бештар аз 170 нафар хабар дода мешуд ва шумори маҷрӯҳон 320 нафаранд.
Ин фоҷеа дар варзишгоҳи шаҳри Маланг баъди анҷоми бозии футбол миёни клуби маҳаллии “Арема” ва тими “Персебай” аз Сурабай,маркази маъмурии вилояти Ҷоваи Шарқӣ рух дод.
Бозӣ ба ҳисоби 3:2 бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Баъди анҷоми бозӣ ҳазорон нафар мухлисони “Арема” аз нишастгоҳи худ поин шуданд ва дар саҳни варзишгоҳ як танбаи мудҳиш оғоз шуд.
Табибон гуфтанд, ки аксари ҳалокшудагон бар асари нарасидани ҳаво ҷони худро аз даст доданд.
То кунун як омори дақиқ дар бораи шумори фавтидагон вуҷуд надорад. Аз ду рӯз ба инҷониб мақомот чанд маротиба рақамҳои гуногуни куштагону захмиёни ин ҳодисаро эълон карданд. Вале ба назар мерасад рақами 125 нафар ҳам ҳоло ниҳшоӣ нест.
Як духтур аз бемористони марказии шаҳр гуфтааст, ки дар миёни захмиён шахсоне низ ҳастанд, ки ҳоли вазнин доранд ва эҳтимолан зумрае аз онҳо шумори ҳалокшудагонро афзоиш медиҳанд.
Мақомоти амниятии Индонезия гуфтааст, ки ба ин бозӣ ба варзишгоҳе, ки барои 38 ҳазор нафар бинанда ҷойи нишаст дошт, 42 ҳазор билет фурӯхта шуда буд ва як сабаби қурбонии зиёд дар ин фоҷеа зиёдии одамон буд.
Федератсияи футболи Индонезия ба клуби “Арема” баргузории ҳар гуна бозиҳоро дар Маланг то охири мавсим манъ кард ва дар ҷадвали бозиҳои футбол тағйирот ворид сохт.
ИЗДИҲОМ (русӣ давка, анг. Stampede). Танба шудан. Ҳолате, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёди одамон ё галае аз ҷонварон аз танба шудан дучори ошуфтагӣ мешаванд ва ҳаракати худро назорат карда наметавонанд. Ин ҳолат метавонад боиси марг ва ҷароҳат шавад. Назири онро дар хабари боло мебинем.