Activities calendar

03 октября 2022

Тағйири омори ҳалокшудагони танба дар як варзишгоҳи Идонезия. Мақомот мегӯянд на 170, балки 125 нафар ҷон бохтанд

 ҳалокшудагони танба

Ҳукуматдорони Индонезия шумори ҳалокшудагон дар танбаи варзишгоҳро 125 нафар эълон карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзе қабл аз ҳалокати бештар аз 170 нафар хабар дода мешуд ва шумори маҷрӯҳон 320 нафаранд.

Ин фоҷеа дар варзишгоҳи шаҳри Маланг баъди анҷоми бозии футбол миёни клуби маҳаллии “Арема” ва тими “Персебай” аз Сурабай,маркази маъмурии вилояти Ҷоваи Шарқӣ рух дод.

Бозӣ ба ҳисоби 3:2 бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Баъди анҷоми бозӣ ҳазорон нафар мухлисони “Арема” аз нишастгоҳи худ поин шуданд ва дар саҳни варзишгоҳ як танбаи мудҳиш оғоз шуд.

Тӯфони "Иэн" дар ИМА беш аз 70 кушта ба ҷо гузошт

Шумори куштагони тӯфони “Иэн” дар ИМА ба 73 нафар расидааст. Ахиран Евронюс истинодан ба оморҳои расмии мақомоти давлатӣ хабар дода, ки ин рақам ниҳоӣ нест, эҳтимоли афзоиши он аз ҳисоби осебдидагони дигар вуҷуд дорад. Дар айни замон наздик ба миллион нафар ба иёлати Флорида бе қувваи барқ мондаанд.

Роҳи тӯфони “Иэн” ба ҳамин ба анҷом нарасидааст ва он ба самти Каролинаи Шимолӣ ҳаракат кардаву ба харобкориҳои худ идома медиҳад.