Шумори куштагони тӯфони “Иэн” дар ИМА ба 73 нафар расидааст. Ахиран Евронюс истинодан ба оморҳои расмии мақомоти давлатӣ хабар дода, ки ин рақам ниҳоӣ нест, эҳтимоли афзоиши он аз ҳисоби осебдидагони дигар вуҷуд дорад. Дар айни замон наздик ба миллион нафар ба иёлати Флорида бе қувваи барқ мондаанд.
Роҳи тӯфони “Иэн” ба ҳамин ба анҷом нарасидааст ва он ба самти Каролинаи Шимолӣ ҳаракат кардаву ба харобкориҳои худ идома медиҳад. Дар ин иёлат аз ҳалокати 4 нафар хабар додаанд. Аммо мақомот гуфтаанд, ки қувваи ҳаракату шиддати тӯфон коста шудааст.
Ҳукуматдорон ҳоло зарари расида аз ин тӯфони харбкорро ҳисоб мекунанд. Қаблан гуфта мешуд, ки зарари ин тӯфон эҳтимолан ба беш аз 40 миллиард доллар бирасад.
Президенти ИМА Ҷо Байден дар як брифинги матбуотӣ гуфта буд, ки дар таърихи Флорида ин марговартарин тӯфон буд.