Ҳудудан 70 нафар сарбозону афсарони КҲФ дар корҳои рафъи паёмадҳои муноқишаи наздимарзӣ дар Исфара ҷалб шудаанд
Чоп шуд: 11/10/2022 | redaktorТибқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ҷабрдидаи деҳоти наздимарзии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд маводҳои сохтмон ва маводи ғизоӣ дастрас гардид ва ҳоло барқарор намудани хонаҳои вайроншудаву харобгашта ва дигар биноҳои маъмурӣ идома доранд.