Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи 9 моҳи фаъолияти худро ҷамъбаст намуд

11 октябри соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генрал-полковник Рустам Назарзода ҷаласаи Коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолияти КҲФ зарфи 9 моҳи охир баргузор шуд.

Дар кори коллегия роҳбарони сарраёсат ва раёсатҳо, шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, Раёсати шаҳри Душанте, Хадамоти зидди жола, Раёсати кӯли Сарез, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ, Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ иштирок намуданд.

Мавзуъи мавриди баҳс дар ҷаласаи коллегия натиҷаҳои фаъолияти Кумита зарфи 9 моҳи охири соли равон ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли равон буд. 

Ин масъалаҳо дар ҷаласа баррасӣ шуданд:

дар бораи ҷараёни татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2019 – 2030”;

дар  бораи рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2018-2022”;

дар бораи Нақшаи асосии чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2022;

дар бораи вазъи даъват, ҷобаҷогузории ҳайати шахсии наваскарони даъвати тирамоҳии соли 2022 ва омодагии Қисмҳои ҳарбии Кумита ба зимистон;

дар бораи таҳлили ҳолати интизоми ҳарбӣ дар Дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои ҳарбии Кумита;

дар бораи омодагии техника ва нақлиёт, захираҳои ғизоӣ, ғун доштани ҳосил ва роҳандозии кишти такрорӣ дар заминҳои ёрирасони Кумита.

Аз рӯи масъалаҳои якум, дуюм ва сеюм ҳисоботи сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Ҷамшед Камолзода ва сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ полковник Хуршед  Вализода шунида шуд. Ҳангоми баррасии ин масоил як қатор камбудиҳо дар ташкили корҳо ошкор карда шуданд ва барои рафъи онҳо муҳлат дода шуд. 

Аз рӯи масъалаи чорум сардори Раёсати Қӯшунҳои КҲФ полковник Абдусалом Ҷалолзода суханронӣ кард, инчунин ҳисоботи сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ полковник Музаффар Аҳмадзода ва сардори Раёсати Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт полковник Зоиршо Назарзода шунида шуд.

Зимни суханронии худ Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода қайд намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии КҲФ дар давраи тирамоҳу зимистон идома додани корҳои пешгирӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати вокуниш ба офатҳои табиӣ мебошад. Сарвари Кумита ба он ишора кард, ки бояд барои мавсими тирамоҳу зимистон омодагиҳо ҷиддӣ бошанд. Вай ба роҳандозии корҳои мавсимӣ ҷиҳати  татбиқи баромаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъкид намуд. Генерал Назарзода ҳамчунин дастур дод, ки дар кутоҳмуддат омодагии воситаҳои техникӣ ба мавсими зимистон санҷида шуда, барои рафъи камбудиҳо тадбирҳо андешида шаванд. 

Зимни ҷамъбасти коллегия Раиси КҲФ оид ба ҳадафҳои дарпешистода сухан ронда, аҳамияти иҷрои фармону супоришҳои дахлдори Сарвари давлат, аз ҷумла иҷрои бечунучарои вазифаҳои ба уҳдаи Кумита гузошташударо қайд намуд. Барномаҳои давлатӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи босамари Барномаҳои қаблан қабулшуда, инчунин риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумитаро барои иҷрои вазифаҳои вазифавӣ талаб намуд.

барчасп: