Наҷоти гурбае, ки вориди чоҳ шуда буду наметавонист аз он берун шавад
Чоп шуд: 23/10/2022 | redaktorНаҷоти ҳайвон ҳам мисли наҷоти инсон аз ҳар гуна мушкиливу офатҳо ва нохӯшиҳо аҷру савоб дорад. Ҳайвонот ҳам мисли инсонҳо баъзан ба ҳолате меафтанд, ки роҳи наҷотро наметавонанд мустақилона пайдо кунанд. Таърихи ниҳодҳои наҷоти кишварҳои олам пур аз ҳаводисест, ки имдодгарон барои наҷоти ҷони сагу гурбаву парандагон ва ҳатто ҳайвоноти ваҳшӣ даст ба иқдом мезананд. Ва мо низ борҳо аз наҷоти ҳайвонҳои гуногун хабару гузоришҳо доштем.