Наҷоти гурбае, ки вориди чоҳ шуда буду наметавонист аз он берун шавад

Наҷоти ҳайвон ҳам мисли наҷоти инсон аз ҳар гуна мушкиливу офатҳо ва нохӯшиҳо аҷру савоб дорад. Ҳайвонот ҳам мисли инсонҳо баъзан  ба ҳолате меафтанд, ки роҳи наҷотро наметавонанд мустақилона пайдо кунанд. Таърихи ниҳодҳои наҷоти кишварҳои олам пур аз ҳаводисест, ки имдодгарон барои наҷоти ҷони сагу гурбаву парандагон ва ҳатто ҳайвоноти ваҳшӣ даст ба иқдом мезананд. Ва мо низ борҳо аз наҷоти ҳайвонҳои гуногун хабару гузоришҳо доштем.

Рӯзи 21-уми октябр низ соати 22:30 дақиқа як сокини шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зад ва барои наҷоти гурбаи худ кумак хост.

Маълум шуд, ки ин гурбаи хурдакак аз тарқиши танге вориди чоҳе шуда, ки дигар наметавонад аз он берун шавад.   

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида, сарпӯши чоҳи сари роҳро боз карданд ва гурбаро, ки худро бо як чолокии ғайримунтазира болои дасти имдодгарон ҷо кард, берун овраданд ва солим ба соҳибаш супурданд.

барчасп: