Activities calendar

21 октября 2022

ЛОИҲАИ МИЛЛИИ ИДОРАКУНИИ ХАВФҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

Таҳия ва ҷорӣ намудани низоми иттилоотии ҳамгироишуда оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ  (Disaster Management Information System) Низоми иттилоотӣ оид ба хатарҳо ва офатҳои табиӣ озмуни байналмилалӣ эълон мегардад. Муҳлати пешниҳоди хуҷҷатҳо то 5 декабри соли 2022. Хуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз почтаи электронии tursunzodafiruza@gmail.com дастрас карда мешавад.

Имдодгарон ҷасади ҷавони 22-солаеро, ки дар садамаи панҷ рӯи пеш нопадид шуда буд, пайдо карданд

20 октябри соли 2022 кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон ҷасади як сокини 22-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекатро пайдо карданд. Ин ҷавон рӯзи якшанбе, 16-уми октябри соли равон дар натиҷаи як садами мудҳиш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нопадид шуда буд. Ҷасади ӯро 15 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар рӯди Фон пайдо карданд.