Тибқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ҷабрдидаи деҳоти наздимарзии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд маводҳои сохтмон ва маводи ғизоӣ дастрас гардид ва ҳоло барқарор намудани хонаҳои вайроншудаву харобгашта ва дигар биноҳои маъмурӣ идома доранд.
Таъмини биноҳои қисман харобшудаи аҳолӣ аллакай дар арафаи анҷомёбист ва хонаҳои комилан вайроншуда бояд то 15-уми ноябри соли равон дубора бунёд карда шаванд.
Мувофиқи супориши Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулода барои барқарорсозии хонаҳои вайроншуда ва таъмини аҳолии зарардида бо маводи ниёзи аввал 1530 тонна семент, 1539 метри мукааб чӯбу тахта, 24360 ҳазор дона шифер, 406 тонна арматур, 30 ҳазор кило орд, 6000 кило шакар, 6 ҳазор кило маҳсулоти макаронӣ, нуҳ ҳазор литр равғани рустанӣ ва 15 ҳазор кило биринҷ ҷудо шуд.
Дар ин маҳалҳо Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд шабонарӯз фаъол аст.
Бо мақсади расонидани кумак ба аҳолӣ дар роҳандозии корҳои сохтмон ва сари вақт ба анҷом расонидани барқарорсозии зарари расида ва тақсим намудани кумакҳо наздик ба 70 нафар сарбозону афсарони КҲФ мустақар дар қаламрави вилояти Суғд ҷалб карда шудаанд.