Сӯхтори бузурги Лондан, соли 1666

Оташсӯзии бузурги Лондан, ки дар таърих ҳам бо ҳамин ном мондааст, минтақаҳои марказии ин шаҳри дар он замон бузургро фаро гирифт.

Он аз якшанбеи 2 сентябр то чаҳоршанбеи 5 сентябри соли 1666-ро дар бар гирифт. Ин сӯтор таҳдиди шадиде ба ноҳияи ашрофии  Вестминстерро* ҳам таҳдид кард. Дар ин сӯхтор 13 200 хона, 87 калисои минтақаӣ (ҳатто калисои ҷомеи Павли муқаддас), қисмати бештари биноҳои ҳукуматиро фаро гирифт. Аз 80 ҳазор бошандагони онвақтаи Лондан 70 ҳазор нафари онҳо аз хонаву кошонаи худ  маҳрум шуданд. Аммо дар бораи талафи одамон маълумоти дақиқ дар даст нест. Танҳо гуфта мешавад, ки чандин нафар ҳалок шуданд. Вале ҳам шоҳидон ва ҳам матолиби хаттии он замон ҳикоят аз он мекунанд, ки аксари ҳалокшудагони ин сӯхтори даҳшатнок ба қайд гирифта нашуда буданд. Гузашта аз ин оташ ба ҳадде бузург буд, ки метавонист ҷасадҳоро ба хокистар табдил созад ва ё ба ҳадди шинохтанашаванда симои онҳоро тағйир диҳад. 

Сӯхтор аз нонпазхонаи Т. Фарринер нимишабии 2 сентябр оғоз шудааст ва он башиддат ба самти ғарб аз тариқи Сити ҳаракат кардааст. Он замон машҳуртарин усули мубориза зидди густариши майдони оташсӯзӣ он буд, ки биноҳои сари роҳи онро хароб мекарданд, то он ба дур натавонад расад. Аммо соли 1666 ҳукуматдорони Лондан ба чунин иқдом даст назаданд, ин буд, ки аллакай субҳи рӯзи 3 сентябр  шӯълаи оташ аз Паддинг-лейн (ҷойе, ки оғоз шуда буд) ба самти шимоли шарқ ҳаракат кард ва ин қисмат зарфи чанд соати оянда пурра ба хокистар табдил шуд.

Сокинон ба ин назар буданд, ки ин кори дасти муҳоҷирон, бахусус ҳолландиҳо ва фаронсавиҳост. Ин ду кишвар он замон дар Ҷанги дуюми Англия ва Ҳоланд ба ҳам душман буданд. Аммо билохира гунаҳгори беруна пайдо нашуд ва соли 1667 Шӯрои подшоҳӣ ба қароре омад, ки ин сӯхтор тасодуфӣ буд, ҳодисаи фавқулодае буд, ки бо дасти шахсе анҷом нашуд, балки “дасти Худованд, боди шадид ва беборонӣ” буд.

Сӯхтор ба ҳадде осори худро гузошт, ки лозим омад Лондан аз нав сохта шавад, бо меъмориҳои дигар ва тарҳҳои ҷадид. Ин отшасӯзӣ ҳамчунин кумак кард, ки шаҳр аз вабое, ки аз соли 1665 гирифтори он буд, наҷот ёбад.

Ин рӯйдоди фоҷеабор дар филми “Лутфи салтанатӣ”, ки соли 1995 коргардон Майкл Хоффман аз рӯи романи Роуз Тремейн бо буҷаи 18 миллион доллар ба навор гирифта буд, инъикос ёфтааст.

 

*ШАРҲИ КУТОҲ: Вестминстер (анг. Westminster) – маҳдудае аз Лондани
марказӣ ва шаҳри Вестминстер аст. Ин маҳдуда аз соҳили шимолии
рӯдхонаи Таймз ва дар ҷанубу ғарбии Сити Лондан воқеъ шудааст.
барчасп: