Ин фоҷеаи даҳшатбор як поси шаб, 6 октябр, соати 02:47 дақиқа, вақте сокинон дар хоби ноз буданд, рух дод.
Шиддати он тибқи миқёси Рихтер 7,3 ё 7,2 балл буд. Шумори кушташудагон дар ин заминларза ҳудуди 19 800 нафар будааст ва захмиён бештар аз 10 ҳазор нафар. Модар ва бародари президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов дар ҳамин заминлраза ҷон бохта буданд. Мабдаъи ин зилзила дар умқи 18 км дар зери шаҳр буд.
Аз 6 то 26 октябр 8799 нафар ба шаҳрҳои дигари ИҶШС интиқол дода шуданд ва дар ин кор 120 ҳавопаймои ҳарбиву мулкӣ ва баъдаи 8 октябр қаторҳои беҳдоштӣ ширкат намуданд. Он вақт шаҳри Ашкобод 66 739 нафар аҳолӣ дошт. Азбаски ин зилзила як поси шаб рух дод, касе имкони берун ҷастан аз манзил наёфт ва аксаран зери вайронаҳо ё фавтиданд ва ё шадидан захмӣ шуданд. Дар як мижа задан даҳҳо ҳазор нафар сокинон зери шикастапораҳову хоку сангтӯдаҳои монданд. Аз соли 1995 6 октябр чун рӯзи Ёдбуди шаҳидони ин зилзила таҷлил мешавад.
Баъдҳо экспедитсияи махсуси зилзиласанҷии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин бахшҳои ҷумҳуриявии АИ ва дигар муассисаҳои илмии давлатӣ паёмадҳои ин заминларзаи харобкорро санҷиданд. Натиҷаи ин омӯзишҳо дар ҳисоботҳои илмӣ ва маърӯзаҳо ба ҳукумати ИҶШС ироа шудаанд. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки як сабаби фоҷеаи соли 1948 Ашкобод интихоби маҳалли шаҳрсозӣ буд. То ин замон дар ҳамин қаламрав аз се заминларзаи шадид хабар дода мешуд. Яке аз онҳо наздик ба 2000 сол пеш солшумории мо дар рустое бо номи Оқтеппа, маҳалли имрӯзаи шаҳри Ашкобод иттифоқ уфтода буд. Як такони басо шадид пойтахти подшоҳии Ашкониён шаҳри қадимии Нисо (аз ҷумлаи шаҳрҳои бостонии Эрони қадим дар Хуросон буд)-ро тахминан дар соли 10 то солшумории мо хароб кард. Ва ин шаҳр ҳам дар наздикии Ашкободи имрӯза ҷой гирифта буд. Наздик ба солҳои 951-1000 Нисо боз як бори идигар аз як заминларзаи шадид хароб шуд.
Ин буд, ки соли 1881 вақте шаҳр бунёд мекарданд, омили зилзила ба назар гирифта нашуда буд. Биноҳои ноустувор, сохтмонҳои ба зилзилаҳо осебпазир ва ғайраро метавон сабабҳои дигари харобиҳо номид.