ноҳияи Айнӣ (садамаи нақлиётӣ)
Санаи 4 декабри соли 2025, тахминан соати 15:50 дақиқа дар километри 117-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мавзеъи Боғимуроди ноҳияи Айнӣ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” рақами қайди давлатиаш 7344NN07, ки таҳти идораи ронанда Тоҷибеков Муломурод соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи деҳаи Дар-Дари ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ таълуқ дошт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идора намудани нақлиёт набаромада, бо автомашина ба ҷарии зиёда аз 100 метр сарозер шуда дар дарёи Фон афтида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гирифтани хабар, наҷотдиҳандагони Кумита дар водии Зарафшони ноҳияи Айниӣ, ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади ронандаро тариқи таҷҳизотҳои махсуси буранда аз дохили автомашина бароварда, ба мақомотҳои дахлдор супориданд.
Вобаста ба пешгирии ҳолатҳои мазкур аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар манотиқи кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.
Дар ҳолатҳои зарурӣ ба рақами кӯтоҳи 112 занг зананд.


