Садамаи қатори боркаш дар Ёвон. Сабаб боришоти шадид ва эрозияи замин
Чоп шуд: 15/12/2025 | redaktor
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз садамаи як қатори боркаш дар қаламрави ноҳияи Ёвон хабар дод.
Бино ба гузориши расида рӯзи 14-уми декабри соли 2025, соати 07:00 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Норин, деҳаи Зафар ҳангоми ҳаракати қатори боркаш дар роҳи оҳане, ки аз Бохтар ба самти Ёвон дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама гардид. Манбаъ сабаби онро боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой медонад, ки аз назди он роҳи оҳан убур мекунад.

