КҲФ: Заминларза дар Тоҷикистон
Чоп шуд: 19/12/2025 | redaktor
Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, санаи 19 декабри соли 2025 соати 10:39 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.Маркази заминларза 189 километр ҷанубу шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 118 километр ҷанубу шарқӣ аз ноҳияи Шаҳритӯс, 114 километр ҷанубу ғарб аз шаҳри Кулоб дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 5 баллро ташкил додааст.


