КҲФ: Ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ

19 декабри соли 2025, дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, доир гардид. 

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, зимни суханронии худ вобаста ба ҳадафи таъсиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ибрози назар карда, таъкид намуданд ки бояд таъмини иҷроиши платформа ин расидан ба ҳадаф ниҳоӣ мебошад.

    Дар навбати худ муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Латифзода Ҳотамшо Латиф низ ибрози назар намуд. Аз ҷумла ӯ таъкид дошт, ки иҷроиши ҳадафмандонаи ин платформа метавонад, дар самти коҳиши ҳолатҳои фавқулодда таъсири мусбӣ расонад

барчасп: