Activities calendar

27 декабря 2025

КҲФ: Вохӯрии судманд бо афсарон

27 декабри соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ва суҳбат дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар таҳрири нав бо иштироки муовини  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳайати шахсии Кумита ва намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар оғози вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Иброҳимзода Имомалӣ  баромад намуда, таъкид намуданд, ки риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим”