КҲФ: Вохӯрии судманд бо афсарон

27 декабри соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ва суҳбат дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар таҳрири нав бо иштироки муовини  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳайати шахсии Кумита ва намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар оғози вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Иброҳимзода Имомалӣ  баромад намуда, таъкид намуданд, ки риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” вазифаи ҳар як шаҳрванд ва ниҳод мебошад. Ин қонун пешгирии исрофкорӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва таҳкими суботи иҷтимоиро таъмин мекунад».

       Сипас, Хоҷамирзода Муслиҳиддин — корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, доир ба тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонун, ҳадафу аҳамияти таҳрири нав ва роҳҳои татбиқи амалии он дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

        Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки риояи талаботи қонун дар самти танзими ҷашну маросим ба пешгирии исрофкорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими суботи иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

       Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавоб гирифта, оид ба иҷрои талаботи қонун дар фаъолияти хизматӣ мубодилаи афкор намуданд.

барчасп: