Ҳаводиси олам

Шумораи ҳалокшудагон дар ду заминларзаи Туркия ва Сурия ба беш аз 4300 расидааст (ВИДЕО)

Дар ду заминларзаи шадид дар Туркия ва ҳамсояи наздики он Сурия беш аз 4 ҳазору 300 нафар ҷони худро аз даст доданд. Бино ба оморҳои ахир дар Туркия зиёда аз 2900 нафар ва дар Сурия беш аз 1400 нафар ҷон бохтанд.

Ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА заминларзаи аввал соати 04:17 дақиқаи рӯзи гузашта ба вақти маҳаллӣ дар...

Зилзила дар Эрон: Ҳудуди 1000 нафар маҷруҳ шуданд ва се нафар ба ҳалокат расиданд

Зилзила бо қувваи 5,9 балл вилояти Озарбойҷони Ғарбиро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шадидан такон дод ва бар асари он 3 нафар ба ҳалокат расиданд ва ҳудудан 1000 нафар захмӣ гаштанд. Намояндаи хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи вилояти ёдшуда Муҷтабо Холидӣ ба хабарнигорон аз захмиву маҷруҳ шудани 973 нафар хабар додааст ва гуфтааст, ки 858 нафари онҳо дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.

Январи гарм дар Аврупо. Ҳаво дар 8 кишвари ин қора ба ҳадди рекордӣ гарм шуд

Аз аввали моҳи январ гармои ғайриинтизор кишварҳои Аврупоро фаро гирифт ва дар баъзе минтақаҳо ин гармӣ ба ҳадди рекордӣ расид. Нархи биржавии газ ба ҳадди то замони ҷангӣ поин рафт. Лаҳистон, ки дар асл як кишвари чандон гарм дар фасли зимистон аст, рӯзи якшанбеи гузашта 19 дараҷа гарм буд. Дар шаҳри испонии Билбао ҳамон рӯз дамои ҳаво ба  +25 дараҷа расид, ки он дар қиёс ба рӯзҳои аввали моҳи январ 10 дараҷа зиёд буд.

Ҳалокати 62 нафар дар заминларзаи Индонезия

Бар асари заминларзаи шадид дар ҷазираи Ҷоваи Индонезия ҳаддиақал 62 нафар ба ҳалокат расиданд ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Ҳазорон нафар аз хонаҳои худ ба маконҳои амн фирор намуданд. Ин заминларза дирӯз рух додааст.

Агентии миллии рафъи паёмадҳои заминларзаи Индонезия (BNPB) омори қаблан эълоншуда дар мавриди ҳалокати...

Тумани заҳрогин дар осмони Деҳлӣ. Чаро ва аз куҷо он омадааст?

Тумани ғуборолуд ва ё маҳдуди заҳрогин пойтахти Ҳинд шаҳри Деҳлиро фаро гирифт. Бино ба гузориши созмони ҳавошингосии ин кишвар олудагии ҳаво 40 баробар бештар аз меъёрест, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ арзёбӣ мекунад. Мақомот мегӯянд зарфи чанд соли охир тумани заҳрогин барои ин шаҳри бузурги Ҳинд ҳамешагӣ шудаву тез-тез аз вуҷуди худ дарак медиҳад.

Страницы