Зилзила бо қувваи 5,9 балл вилояти Озарбойҷони Ғарбиро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шадидан такон дод ва бар асари он 3 нафар ба ҳалокат расиданд ва ҳудудан 1000 нафар захмӣ гаштанд. Намояндаи хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи вилояти ёдшуда Муҷтабо Холидӣ ба хабарнигорон аз захмиву маҷруҳ шудани 973 нафар хабар додааст ва гуфтааст, ки 858 нафари онҳо дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.
Хабаргузории эронии Тасним иттилоъ додааст, ки ин заминларза соати 21:44 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар 23 километрии ҷанубу шарқи ҳайри Хуй рух додааст. Ин шаҳр дорои 175 ҳазор ҷамъият мебошад.
Қаблан Муҳаммадсодиқи Муътамадиён, волии вилояти Озарбойҷони Ғарбӣ гуфта буд, ки дар ин заминларза 816 нафар захмӣ шуданд. Пеш аз ин Содиқ Маҳмудӣ, сарпарасти Созмони имдод ва наҷоти ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҶИЭ аз захмӣ шудани 447 нафар хабар дода буд.
Хабаргузории Тасним ба нақл аз мақомоти наҷоти Эрон хабар дод, ки пас аз ин зилзилаи шадид беш аз 40 такони дигар бо қувваи камтар аз қабл ба қайд гирифт ашуд.
Як узви ҳайати имлии Маркази таҳқиқоти роҳ, маскан ва шаҳрсозӣ гуфтааст, ки теъдоди кулли воҳидҳои маскунӣ хисорат дида, эҳтимолан 4975 бошанд.