Activities calendar

12 январи 2023

Нуқтаи тиббӣ барои паноҳандагони эҳтимоливу зарардидагони офатҳои табиӣ пас аз таъмир барои истифода омода шуд

seremoniya

11 январи соли 2023 дар маркази ҷойгирии муваққатии паноҳандагони эҳтимолӣ ва онҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дидаанд, маросими ба истифода супурдани нуқтаи тиббӣ баъди таъмир баргузор шуд. Ин нуқтаи пазириши паноҳандагон ва афроди зарардида аз офатҳои табиӣ дар ноҳияи Ҷалолуддин Румии вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Ҳушдор шӯшаях дар фасли зимистон

sosulki

Зарфи ду-се шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар барфи зиёд борид ва ин метавонад на танҳо барои мошинҳову ронандагон ва мусофирони онҳо, балки барои сокинон мушкилиҳо пеш орад.

Барфе, ки болои бомҳо мехобад, басо вазнин аст ва агар ин барф тар бошад, пас массаи он бештар мешавад. Масалан дар боме, ки масоҳати он 100 метри мураббаъ мебошад ва ғафсии барфи хобида 50 см  массаи барф 5 тонна ва барфи тар 15 тоннаро ташкил медиҳад. Ва ин барф бо вазни гарони худ ба боми бино фишор меорад ва метавонад ягон харобиро ҳам ба бор орад. 

9 ҳодисаи лағзиши тарма дар шабонарӯзи гузашта. Роҳи Рӯшон-Бартанг баста ва роҳи Душанбе – Хуҷанд барои мошинҳои сабукрав боз

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.Ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надоштанд.

Барои бартараф кардани паёмадҳои лағзиши тарма техникаи ширкати роҳи IRS ва Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб карда