Зарфи ду-се шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар барфи зиёд борид ва ин метавонад на танҳо барои мошинҳову ронандагон ва мусофирони онҳо, балки барои сокинон мушкилиҳо пеш орад.
Барфе, ки болои бомҳо мехобад, басо вазнин аст ва агар ин барф тар бошад, пас массаи он бештар мешавад. Масалан дар боме, ки масоҳати он 100 метри мураббаъ мебошад ва ғафсии барфи хобида 50 см массаи барф 5 тонна ва барфи тар 15 тоннаро ташкил медиҳад. Ва ин барф бо вазни гарони худ ба боми бино фишор меорад ва метавонад ягон харобиро ҳам ба бор орад.
Бо фаро расидани гармӣ барфи обшуда шурӯъ ба ҷорӣ шудан аз новадони лабгӯшаи бомҳо мекунад. Ва ин боиси пайдо шудани шӯшаҳои яхӣ мегардад. Шӯшаҳои овезон баъзан хатарҳои зиёд барои одамон ва мошинҳо доранд. Аз ин рӯ сокинон бояд эҳтиёткор бошанд ва ин чанд тавсияро ҷиддан барои таъмини амнияти худ риоя намоянд:
- зери шӯшаҳои овезон қарор нагиред, бахусус ба бачаҳо диққат диҳед;
- то имкон доред, қоши иморатҳоро аз яхҳои овезон пок кунед;
- агар зарурати гузаштан аз зери қоши иморатҳои бо яхҳои овезон пӯшида пеш омад, пас бе ягон ист хеле басуръат аз он убур кунед;
- дар ҳоли дидани шушаҳои овезони ях дар боми хонаҳо зарур аст ба хадамоти хидматрасонӣ хабар диҳед. Кормандони хидмати комуналӣ вазифадоранд ба хабари шумо вокуниш нишон диҳанд.
- Боя донист, ки маъмулан шӯшаҳои ях дар новадонҳо ба вуҷуд меоянд, аз ин рӯ зери намои иморатҳо хатарнок мешаванд. Лозим аст вақти гузор дур аз онҳо гузашт.
- Хеле бояд эҳтиёткор буд ва то ҳадди имкон кӯшиш кард, ки ба деворҳои биноҳо наздик нашавед. Агар вақти гузаштан аз роҳ аз боло садои шубҳаомезеро шунидед, наистед, саротонро боло накунед, балки ба зудӣ аз он он гузаред ва худро ба зери девор кашед. Эҳтимолан ин лағзиши барфтӯда аст ва ё пораи азими ях.
Агар ҳодисаеро бубинед, ки бар асари лағзиши яху барф ба вуҷуд омадаасту хатар дорад, ба КҲФ хабар диҳед.
Ва агар аз шӯшаҳои овезону афтиши онҳо ҷароҳат бардоштед, фавран ба духтурон муроҷиат намоед!