Activities calendar

13 январи 2023

Тарма чист? Чӣ бояд кард аз хатари он эмин монем?

Зарфи чанд рӯзи охир аз лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар хабарҳо доштем. Хушбахтона, ин тармаҳо ба касе зарари ҷисмонӣ нарасонданд, хисороти дигар ҳам надоштанд.  Аммо хатар ҳамоно боқист ва сокинонро лозим меояд беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёткор бошанд. Бахусус ронандагон ҳангоми сафарҳо ба роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наандозанд.

Ҳавои сарди рӯзҳои оянда ва эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 13 то 16-уми январи соли равон дар аксари водиҳову ноҳияҳои наздикӯҳӣ ҳавои сард боқӣ мемонад.

Дар ин минтақаҳо шабона ҳаво аз  - 19 - 24 то -13 - 18 ва...