Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 13 то 16-уми январи соли равон дар аксари водиҳову ноҳияҳои наздикӯҳӣ ҳавои сард боқӣ мемонад.
Дар ин минтақаҳо шабона ҳаво аз - 19 - 24 то -13 - 18 ва рӯзона аз -8 - 13 то -3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз -19 - 24 то - 12- 17 ва рӯзона аз -10-15 то -4-9 дараҷа сард хоҳад шуд.
Ҳавои сард сабабгори яхбандиҳои шадид дар роҳҳои мошингард хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва як қатор навоҳии ғарбии ВМКБ лағзиши тарма эҳтимол дорад.
Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба ин ё он минтақаи кишвар, роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум, шикор муваққатан даст кашанд.
Дар хонаҳои худ вақти гарм кардани манзил қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намоянд.
Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:
Навбатдори масъул дар Кумита: 112, 221-91-19, 223-13-11, 93 880 28 19.
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе: 225-44-62, 225-44-76
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор: (83139) 2-60-74;
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон: (83222) 2-35-05, 2-78-28;
Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб: (83322) 21656, 21657
Раёсати КҲФ дар ВМКБ: (83522) 2-40-57, 22744;
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд: (83422) 51555, 57995