Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардии ҳаво ва бориши барф дар чанд рӯзи оянда
Чоп шуд: 06/01/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 7 то 12-уми январи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво сарду сербориш мешавад. Бино ба иттилои манбаъ дар ин рӯзҳо бахусус шабона ҳаво дар қиёс ба рӯзҳои дигар сардтар хоҳад шуд.
Дар водиҳо барфи тар меборад, дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳо аз шиддати бориши барф ба ҳаракати...