Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардии ҳаво ва бориши барф дар чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 7 то 12-уми январи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво сарду сербориш мешавад. Бино ба иттилои манбаъ дар ин рӯзҳо бахусус шабона ҳаво дар қиёс ба рӯзҳои дигар сардтар хоҳад шуд.

Дар водиҳо барфи тар меборад, дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳо аз шиддати бориши барф ба ҳаракати мошинҳо хатар бештар мешавад. Бино ба маълумоти ҳавошиносон дар аксари ноҳияҳои баландкӯҳ шамоли сахт пешбинӣ мешавад ва дар минтақаҳое аз ин навоҳӣ барфи шадид меборад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сарду пурбориш либосҳои гарм пӯшанд ва беш аз ҳар вақти дигар ба кӯдакон ва калонсолон диққати хоса диҳанд. Сармо метавонад боиси сироят ба бемориҳо шавад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳо ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехтарии сӯхторро ҷиддан риоя кунанд, неруи барқро сарфа намоянд, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро низ риоя кунанд.  

Дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе – Рашт - Лахш, Душанбе - Сангвор, Душанбе – Шамсиддин Шоҳин - Дарвоз - Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб лағзиши тарма, ба вуҷуд омадани барфтӯда дар роҳҳо пешбинӣ мешавад. Сардии ҳаво боиси яхбандиҳо дар роҳҳои мошингард мешавад. Резизи сангу рег ҳам дар роҳҳо эҳтимол дорад.

 

ТАВСИЯҲО БАРОИ РОНАНДАГОН:

- то сафар мошини худро санҷед;

- чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;

- ҳатман дар бордони мошини худ сару либоси гарм, фонус, банд, бели хурдакак, бушкаИ сӯзишвории захиравӣ, термос бо оби гарм дошта бошанд. Дорухонаи мошинатонро ҳам бо доруҳои ниёзи аввал ва зарурӣ нав кунед;

- ҳатман дар телефонатон на камтар аз ду симкорт дошта бошед, телефони шумо бояд ҳатман дар ҳолати корӣ қарор дошта бошад;

- бо ҳамон суръате мошин ронед, ки бехатарии худ ва ҳамроҳонатонро таъмин карда тавонед. Боло бурдани суръати ҳаракат ҳамеша бар зарар аст. Бахусус ҳангоми убур аз чорроҳаҳо, пиёдагузарҳо, назди мактабу дигар ҷойҳои пурҷамъият ва нишебиҳо суръати ҳаракати мошинатонро суст кунед;

- ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро риоя намоед, ҳар қадар аз ҳам дур ҳаракат кунед, ҳамон андоза ғами бехатарии худро мехӯред, чун маъмулан дар зимистону ҳавои сарду пурбориш роҳҳо ях мебанданд ва дар вақти зарурат шумо наметавонед ногаҳони мошинро нигоҳ доред;

- агар шумо сари вақт натавонистед, ки мошинро омода созед, хуб мешавад агар муваққатан аз сафари безарурат даст кашед;

- ҳама тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед.

 

ЧАНД ТАВСИЯ БА ОН КАСОНЕ, КИ ХОНАҲОИ ХУДРО БО ВАСИЛАИ БУХОРИҲО ГАРМ МЕКУНАНД:

- бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъхои зуд оташгиранда нагиронед. Истифодаи онҳо метавонад боиси эҷоди ҷарақа дуд ва паҳншавии шӯъла гардад;

- ҳаргиз ҳезум ва дигар маводдҳои оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоред. Либосҳои тарро дар либосовезҳо хушк кунед;

- ҳаргиз дар бухорӣ дар ҳоли кушода будани дари он оташ гирон накунед. Бухориҳоро ҳангоми гарм кардани хона беназорат нагузоред;

- ҳамеша дудбарои бухориҳои худро санҷед, онҳоро аз ҳар гуна дудаву дигар олудагиҳо тоза намоед, то боиси заҳролуд шудан аз гази карбон нашаванд;

Ҳангоми боридани барфи тар ва гузор аз кӯча ба симчӯбҳо ва пояҳои сустниҳони рекломҳо ва дарахтон диққат диҳед. Барфи тар маъмулан сабабгори баногаҳ шикастани шохи дарахтон мешавад, ки барои роҳгузарон бехатар нест. Дар ҳоли дидани ин гуна ҳолатҳо фавран ба хадамоти кумак занг занед ва аз шикастани дарахтон ё афтодани симчӯбҳо фавран хабар расонед.

КҲФ ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад дар чун ин рӯзҳо аз роҳандозии корҳои кишовразӣ, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум дар маҳалҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.