9 ҳодисаи лағзиши тарма дар шабонарӯзи гузашта. Роҳи Рӯшон-Бартанг баста ва роҳи Душанбе – Хуҷанд барои мошинҳои сабукрав боз

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.Ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надоштанд.

Барои бартараф кардани паёмадҳои лағзиши тарма техникаи ширкати роҳи IRS ва Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб карда шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои он идома доранд. 

Субҳи рӯзи 12-уми январи соли 2023 дар роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанг баста буд ва роҳи Душанбе – Хуҷанд танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз аст. Ҳаракати мошинҳои боркаш маҳдуд карда шудааст.

Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навбатдории шабонарӯзии худ ҷиҳати таъмини амнияти ронандагону мусофирон ва расонидани ёриҳои аввалия дар сурати рӯбарӯ шудани онҳо ба мушкилот идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоно аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарарт дар чунин рӯзҳои вазнин худдорӣ намоянд.

барчасп: