Шумораи ҳалокшудагон дар ду заминларзаи Туркия ва Сурия ба беш аз 4300 расидааст (ВИДЕО)

Дар ду заминларзаи шадид дар Туркия ва ҳамсояи наздики он Сурия беш аз 4 ҳазору 300 нафар ҷони худро аз даст доданд. Бино ба оморҳои ахир дар Туркия зиёда аз 2900 нафар ва дар Сурия беш аз 1400 нафар ҷон бохтанд.

Ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА заминларзаи аввал соати 04:17 дақиқаи рӯзи гузашта ба вақти маҳаллӣ дар наздикии шаҳри Газиантел воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия  дар умқи 17,9 км замин рух дод. Раёсати мубориза бо офатҳои табиии Туркия хабар дод, ки баъди 11 дақиқа пасларззаҳои қавӣ дар маркази Туркия ҳисс шудааст, ки яке аз он ларзиши қавӣ бо қувваи 5,7 балл буд, ки минтақаро такон дод.   

Заминларзаи дигар бо қувваи 7,6 балл дар минтақаи ҷанубу шарқии Қаҳрамонмараши Туркия рух дод. Мақомоти Туркия хабар доданд, ки бори дуюм замин дар умқи 7 км такон хӯрд.  Маркази он дар ноҳияи Элбистан, вилояти Қаҳрамонмараш буд. 

Бар асоси охирин оморҳо теъдоди маҷруҳон дар Туркия беш аз 7 ҳазору 500 нафар эълон шуда буд.

Бисёре аз сохтмонҳо фурӯ рафтаанд ва дастаҳои наҷот барои ҷустуҷӯи зери хок мондагон машғул ба кор шудаанд. Шаҳрвандони манотиқи ҳаммарз бо Туркия аз ҷумла Ироқ, Лубнон ва Қибрис низ ин ларзаро ҳисс кардаанд.

Ҳукумати Туркия аз ҷомеаи ҷаҳони хостори кумаку дастгирӣ шудааст ва дар аввалин соатҳои эълони ин хабар иддае аз кишварҳо, аз ҷумла Британияи Кабир, ИМА, Исроил, Фаронса, Ҳинд, Русия ва Эрон изҳори омодагӣ ба ҳар гуна ёриҳо кардаанд.  

Вазири умури дохилии Туркия гуфтааст, ки ҳудудан даҳ шаҳри дигар ин кишвар, аз ҷумла, Усмония, Одоно, Ҳатай бар асари заминларза осеб дидаанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд шумори ҳалокшудагону маҷрӯҳон дар ду кишвар афзоиш ёбанд.  “Ман ба ин назарам, ки метавон интизор буд, ки шумори қурбониён афзоянд,-гуфтааст Рик Бреннан, директори минтақавии СҶТ оид ба ҳолатҳои фавқулода ба хабаргузории Reuters. - Он ҷо биноҳои зиёде хароб шуданд, фурӯ рафтанд ва одамон зери шикастапораҳо монданд. Ин боиси афзоиши шумори қурбониёни заминларза шуда метавонад”. 

Намояндаи Кумитаи байналмилалии наҷот Марк Кайе ба хабарнигори ВВС гуфтааст, ки дар ин ҳол бояд кумакҳои фаврӣ расонда шавад. “Имрӯз сухан дар бораи наҷоти ҷони инсонҳо меравад. Медонем, ки шаб одамон ба хоб рафтанду субҳ дигар барнахостанд. Ин мудҳиштарин фоҷеа аст. Мо ба ин назарем, ки бахусус дар шимоли Сурия шумори кушташудагон меафзояд, чун дар ин минтақи ин кишвар системаи тандурустӣ муносиб ба ҳолати бавуҷдомада нест",”- гуфтааст ӯ. 

БОЗ ДАР ИН БОРА: