Мақомҳои имдод дар Туркия гуфтаанд, ки бо гузашти сеюмин рӯз аз зилзилаи шадид умед ба мавҷудияти зиндамондагон дар зери вайронаҳо камтар шудааст. Дар айни замон шумори ҳалокшудагон дар ин офати табиӣ ба 8 ҳазор наздик мешавад. Туркия аз ҳалокати 5894 нафар ва Сурия аз марги 1932 нафар хабар дод.
Аммо боз ҳам ин рақам ниҳоӣ нест. Эҳтимоли аз зери хок берун овардани кушташудагону маҷруҳон вуҷуд дорад. Ҳамчунин ҷумлае дар беморхонаҳо ҳоли басо вазнин доранд ва дар мавридҳое духтурон ба зинда мондани онҳо бовар надоранд.
Вазъ бештар адр Сурия вахим аст. Ин кишвар, ки даргир ба як ҷанги дохилист, имкониятҳои маҳдуди кумакрасонӣ дорад. То ҳанӯз агар аз Туркия расидани ёриҳои башарӣ ва имдодгарони байналмилалӣ хабарҳои зиёд мунташир шудаанд, вале дар мавриди Сурия ин гуна хабарҳо тақрибан намерасанд.
Ян Эгеланд, собиқ ҳамоҳангсози СММ дар умури кумакҳои башардӯстона дар суҳбат бо хабаргузории ВВС гуфтааст, ки дар Сурия ба ҳеч ваҷҳ ёриҳои башарӣ набояд ба ҷонибҳои даргир дода шавад, на ба давлат ва на ба мухолифони вай.
“Ҳамаи кӯмакҳо бояд аз тариқи созмонҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла агентиҳои СММ, системаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бояд расонда шаванд”.