Ҳаводиси олам

Садамаи маргбори қатори мусофирбарии Машҳад-Язд 17 кушта ба ҷо гузошт

Садамаи маргбор

Як қатори мусофирбар дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз Машҳад ба самти Язд дар ҳоли ҳаракат буд, дучори садама шуд. Мақомот аз ҳалокати 17 нафар ва захмӣ шудани теъдоди зиёди мусофирон хабар доданд. Ин ҳодиса соати 5:30 ба вақти маҳаллӣ дар панҷоҳкилометрии Табас рух додааст.

Алиакбар Раҳимиён-ҳокими Табас дар гуфтугӯ бо

Фурӯ рехтани як бинои 10-ошёна дар Ободони Эрон беш аз 10 куштаву зиёда аз 30 захмӣ ба ҷо гузоштааст

Дар шаҳри Ободони Ҷумҳурии Исломии Эрон як бинои 10 - ошёна фурӯ рехтааст ва теъдоде куштаву  маҷруҳ шудаанд. Бино ба гузориши расонаҳои Эрон даҳҳо мошини ёрии таъҷилӣ ва худравҳои имдод ва як чархбол ба маҳалли ҳодиса эъзом шудаанд ва талош барои наҷоти сокинони зери вайронаҳо монда идома дорад.

Иллати ин ҳодиса то кунун эълон нашудааст ва ҷузъиёти бештаре аз он дастрас нест....

Торнадои пурқудрат дар ғарби Олмон харобиҳои зиёд ба бор овард

Бино ба гузоришҳои расмӣ бар асари торнадои пурқудрат дар ғарби Олмон 43 нафар зарар диданд ва ин офати табиӣ харобиҳои зиёде ба бор овард.

Пулиси минтақа хабар дод, ки ин торнадо боиси барканда шудани болопӯши хонаҳои зиёд шуд, шикастапораҳои сохтмонҳои нотамомро ба дуриҳо партоб кард. 10 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд ва вазъи саломатии як хонум хеле бад гузориш шудааст.  

Далелҳо ва оқибатҳои тобистони доғ ва зудрас дар ҷануби Осиё

жара

Тобистони имсол дар Ҳинд зуд расидааст. Миллионҳо нафар дар ин кишвар имрӯзҳо гармои тоқатфарсоро таҷриба мекунанд, ки боиси мушкилиҳо дар зиндагии рӯзмарраи мардум шудааст. Дамои болотар аз ҳолати одӣ барои ин вақти сол ҳамчунин бахшҳое аз Покистон ва шарқи Афғонистонро фаро гирифтааст.

Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд дар як ҷаласа ба аъзои

Бузургтарин сӯхтор дар Амрико ҳамоно идома дорад

Дар ҳоле, ки сӯхтор ба Ню-Мексикои Амрико дуввумин оташсӯзии бузург дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то кунун унвон мешавад, аммо шароити обу ҳавои бесобиқа ва ғайри қобили пешбинӣ метавонад шиддити онро афзоиш диҳад. Ин сӯхтор беш аз як моҳ аст, ки идома дорад ва минтақаи бузургтар аз шаҳри Чикагоро дар бар гирифтааст.

Бисёре аз хонаводаҳо маҷбур ба тарги хонаҳои худ шудаанд ва ҳазорон нафар аз нуқоти наздик...

Страницы